Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР

      30 марти соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.
      Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳалла ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
      Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз шаш масъала – баррасии рафти иҷрои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҳисоботи вакили МВХ шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Нилу, №27 Самадов Ҳалим оид ба иҷрои ваколати вакилӣ, ҳамчунин масъалаҳои иваз намудани номи деҳаи Ойбоши Ҷамоати деҳоти Навобод ва тасдиқи санади Комиссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оид ба аз тавозуни БМШ ба тавозуни муассисаҳои шабакаи КАТС гузаронидани автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ҷудо намудани воҳидҳои корӣ ва кормандони хизматрасонӣ ба Ҷамоати шаҳраки Шарора, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр дар масъалаҳои кадриро мавриди муҳокима қарор доданд.
      Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия – баррасии рафти иҷрои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини раиси шаҳр Ватанзода Маҳмадсаид суханронӣ карда, оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Барнома ҳисобот дод.
      Раиси шаҳр тариқи монитор рафти амалӣ гардидани Барнома ва қарору нақшаҳои дар ин самт ба тасвиб расидаро тариқи монитор бо шарҳу эзоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин, вобаста ба татбиқи Барнома роҳбарони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и шаҳр ва идораҳои дахлдори давлатиро вазифадор карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар муҳлатҳои муайян ба ҳамкории муштараки байниидоравӣ ҳидоят намуд.
      Аз рӯи масъалаи дуюм вакили МВХ-и шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Нилу, №27 Самадов Ҳалим оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ дар ҳавзаи мазкур ҳисобот дод.
      Вакилон дар баррасии масъалаи иваз намудани номи деҳаи Ойбоши Ҷамоати деҳоти Навобод ба номи Моҳи Нав гузориши муовини раиси шаҳр Бунафша Юлшзодаро шунида, қарори раиси шаҳрро бо пешниҳоди Комиссияи номгузории назди МИҲД-и шаҳр дар ин масъала тасдиқ намуданд.
      Дар идомаи иҷлосия вакилон масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосияро муҳокима намуда, санади Комиссияи МИҲД-и шаҳр оид ба аз тавозуни БМШ ба тавозуни муассисаҳои шабакаи КАТС гузаронидани автомашинаи ёрии таъҷилӣ, инчунин, қарори ҷудо намудани воҳидҳои корӣ ва кормандони хизматрасонӣ ба Ҷамоати шаҳраки Шарора, қарорҳои раиси шаҳр дар масъалаҳои кадрӣ ва маблағгузории чорабиниҳои шаҳриро тасдиқ намуданд.
      Раиси шаҳр Қосим Роҳбар барои дастгирӣ ва тасдиқи қарорҳои баррасишуда ба вакилон минатдорӣ карда, ҳамзамон, барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишии дар доираи ҷашн баргузоргардида ба муовинон, вакилон, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон арзи сипосу эҳтиром намуд.
      Дар интиҳо раиси шаҳр аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки корҳои ободониву созандагиро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолият таҳти шиори “Ватандӯстӣ ва рушд” вусъат бахшида, дар маъракаҳои корҳои баҳории кишоварзӣ муташаккилона ширкат карда, барои фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастархони аҳолӣ саъю талош намоянд, таъкид гардид, ки дар моҳи Шарифи Рамазон дастгириву кӯмак ба ятимону барҷомондагонро масъулин дар меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд.