15 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Рӯзи байналмилалии оила пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар толори хурди Кохи фарҳанг ба 12 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 18 нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфа, аз қабили сару либоси кӯдакона ва ашёи рӯзгор тақдим намуда ба муносибати Рӯзи оила шодбош гуфт.
Сипас, дар толори Кохи фарҳанг раиси шаҳр суханронӣ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои солимии оила маърифати оиладорӣ, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, таваҷҷӯҳи хос доранд ва бо дар назардошти манзалату мартабаи оила фармудаанд, ки: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Таъкид гардид, ки оила дар ҳимояи давлат қарор дошта, аз сӯи ниҳодҳои марбута баҳри таҳкиму устувории он фаъолияти босамар роҳандозӣ шудааст. Чун дар ҷомеаи суннатии мо нақши дин дар пойдории оила бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, дар баробари санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ шариати исломии мо ҳам дар оиладорӣ ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки дар заминаи иҷрои он оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст.
Оиларо метавон ба як мактабе шабеҳ донист, ки ахлоқи ҳар як инсон аз ибтидо то интиҳо дар он ташаккул меёбад
Самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ ва ҳамин монанд хислатҳо, ки аз ҷумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбанд, тавассути падару модар ва дигар аъзои оила ташаккул ёфта, дар замири фарзандон сиришта мешавад ва ба чӣ тавр ҷараён гирифтани зиндагии минбаъдаи онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ташкили оиладорӣ ҳанӯз масъалаҳои ҳалталабе ҷой доранд, ки онҳоро амалан ислоҳ бояд кард, – афзуд раиси шаҳр. Аз ҷумла, гирифтани пеши роҳи хонадоршавии хешовандони наздик, аз интихоби озодонаи ҳамсари ояндаашон маҳрум накардани ҷавонон, беҳтар намудани манзили зист ва шароити оилаҳои ҷавон, омӯзонидани дониш, касбу ҳунар ва таъмин намудан бо ҷойи кор, махсусан ба духтарон ва даҳҳо ҳамин монанд мушкилоте мебошанд, ки ҳалли ногузирро аз волидайн, омӯзгорон, ходимони дин ва умуман аҳли ҷомеаву мақомотҳои дахлдори ҷамъиятиву давлатӣ тақозо менамояд.
МИҲД-и шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту шӯроҳои давлатию ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботие, ки фаъолият доранд, барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими солимии оила бо масъулиятшиносии том саъю талош хоҳанд намуд.
Қосим Роҳбар дар идома иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинонӣ шаҳрро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила самимона муборакбод гуфта, саодати рӯзгор, муваффақияту шодкомӣ ва барори кор таманно намуд.
Дар фарҷом аҳли санъату ҳунар барномаи ҷолиби консертиро манзури аҳли толор намуда, ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.