Шоми имрӯз дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳри Ҳисор ба муносибати фарорасии Соли Нави мелодӣ чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, муовини якуми раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат ва фаъолони шаҳр ҳузур доштанд.
Имсол таҷлили Соли нави мелодии 2024 ба рӯзҳое рост омад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди шаҳри Ҳисор бо руҳияи баланди ватандӯстона ва хушнудӣ аз он самимона ҳамовозӣ ва истиқбол мекунанд.
Соли сипаришудаи 2023 барои сокинони шаҳр аз ҳар ҷиҳат хотирмон маҳсуб ёфта, меҳнаткашони шаҳр ин соли таърихиро бо дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Нигоҳ накарда ба таъсири манфии омилҳои берунӣ, ки боиси коҳиши ҷиддии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон гардид, дар кишвари мо, аз ҷумла шаҳри Ҳисор дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалинамудаи Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар ва шаҳр пешрафту навгониҳои зиёд ба амал омад.
Суръати рушди ҳаҷми маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 110,5 % таъмин гардид, ки ба фаъолнокии иқтисодӣ ва баланд шудани сатҳи иҷтимоию некуаҳволии аҳолии шаҳр мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз шумораи умумии 1675 иншоот танҳо дар соли 2023 зиёда аз 400 иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина, барои бо кору шуғли доими фаро гирифтани беш аз 500 нафар сокинон, аз ҷумла занону бонувони бекор шароит муҳайё гардид.
Аз ибтидои соли 2023 тибқи нақшаи генералӣ дар шаҳр 8 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 600 оила бо манзили истиқоматии ҳозиразамон таъмин ва даҳҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид. Ҳамчунин, ба даҳҳо оилаҳои ниёзманди шаҳраку деҳот, барои бунёди манзил замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид.
Соли 2024 барои мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор, соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку музаффариятҳои назаррас хоҳад шуд.
Ҳунармандони театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ансамбли рақсии “Сарвиноз” ва санъаткорону ҳаҷвнигорони дастаҳои худфаъолияти муассисаҳои фарҳангии бахши фарҳанги шаҳр сисилабарномаи театрикунонидашудаи солинавиро пешкаши иштирокчиёни базми солинавӣ намуда, бо хушҳолӣ ва кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон истиқбол гардиданд.
Дар фарҷом ба ифтихори Соли Нав мушакпаронии бардавом сурат гирифта, ба чорабинӣ хушҳоливу шукӯҳ эҳдо намуд.