Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ ҲИСОР

Нимаи дуюми рӯзи 10 январи соли равон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар намояндагони комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ҳайати ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, директори иншоотҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ва намояндаи телевизиони “Варзиш” Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот бо раиси шаҳр масъалаҳои рафти иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди футбол дар мамлакат, дастгирии молиявӣ намудани Клуби футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор, таъмиру тармим ва корҳои ободонӣ ҷиҳати омода намудани варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди футбол дар шаҳр баррасӣ гардид.
Раиси шаҳр аз дастгириҳои пайвастаи ФФТ, фаъолияти бозингарони дастаи “Шодмон” дар соли сипаришудаи 2023, инчунин хизмати сармуррабии даста Рустам Хоҷаев, ки ба дастаи “Хуҷанд”-и лигаи олии кишвар даъват шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, аз оғоз гардидани таъмиру тармими варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва ҷудо гардидани маблағи зарурӣ ба ин мақсад мужда расонид.
Раиси шаҳр афзуд, ки дастаи “Шодмон” аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ надорад ва алаккай барои пардохти маоши роҳбарияти даста ва бозингарон дар соли 2024 сметаи хароҷот таҳия шуда истодааст ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва бо кӯмаку дастгирии соҳибкорону ҳаводорони даста маблағи зарурӣ ҷудо ва дастрас гардида, ҳамчунин, баъди ҳар ғалабаи “Шодмон” ба бозингарон ҷиҳати ҳавасмандӣ маблағҳои пулӣ туҳфа карда мешавад.
Раиси шаҳр ва меҳмонон аз ФФТ, пас аз анҷоми суҳбат ба варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ташриф оварда, бо рафти корҳои таъмиру тармими он шинос шуданд. Ҳамчунин, бо бозингарони дастаи футболи “Шодмон”, ки дар корҳои таъмир ва ободонии варзишгоҳ иқдом карда, машғули кор буданд суҳбат ороста, дар мавсими навбатии футбол барору муваффақият таманно намуданд.
Намояндагони ФФТ барои ба талаботҳои бозиҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани варзишгоҳ, аз қабили сабзазор кардани майдон, насби таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ, бахусус табло ва чароғҳои равшанидиҳандаи иловагӣ, ба тартиб овардани нишастгоҳ ва утоқҳои кориву хизматрасониҳои иловагии иҷтимоӣ ба масъулин маслиҳат ва тавсияҳои судманд доданд.
Раиси шаҳр дар ҳузури намояндагони ФФТ ба муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмад Қаюмзода, директори Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров ва директори Клуби футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор Баҳрулло Шарифов супоришҳои иловагӣ дода, онҳоро барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои таъмиру тармим дар варзишгоҳ ва ислоҳи камбудиҳое, ки ҷой доранд ҳидоят намуд.
Меҳмонон аз ҳамкориҳои пайвастаи раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо ФФТ, дастгириҳои бесобиқааш аз дастаи “Шодмон”, иштирок дар ҳама бозиҳои дастаи “Шодмон” ва рӯҳбаланд кардани бозингарони даста ёдовар шуда, хизмати ӯро ҳамчун устоди варзиш, дар рушди варзиши мамлакат дар гузаштаву имрӯза шоиста арзёбӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо иқдоми раиси шаҳр Қосим Роҳбар дастаи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор декабри соли 2022 аз нав эҳё шуда, дар муддати кӯтоҳ ба лигаи якуми мамлакат роҳхат гирифт.
Ба КФ “Шодмон” соли 2023 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ наздик ба 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби ҷавонмардони эҳсонкору саховатманд зиёда аз 640 ҳазор сомонӣ, ҷамъ беш аз 1 миллиону 140 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.