Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

7 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо иштироки муовинон, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҳудудӣ баргузор гардида, фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар нишаст хабарнигорон аз васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Народная газета», “Халқ овозӣ”, “СССР”, “Пайк”, шабакаи телевизионии “Тоҷикистон”, «Ҷаҳоннамо», “Сафина”, радиои «Тоҷикистон», «Ховар», рӯзномаи “Ҳисори Шодмон”, маҷаллаҳои “Ҳисори зарнисор” ва “Маорифи Ҳисор” иштирок доштанд.
Қабл аз оғози нишаст, ба иштирокчиён варақаи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳр дар соли 2023 ва Нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр оид ба амалишавии дархости намояндагони васоити ахбори омма, ки дар нишасти матбуотии раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2023 санаи 9 августи соли 2023 пешниҳод шуда буд, дастрас гардид.
Хабарнигорон аз маълумотномаҳои дастрасшуда, нақшаи чорабиниҳо ва амалишавии пешниҳодҳояшон дар нишастҳои гузашта бо сипосу қаноатмандӣ истиқбол карданд ва изҳор доштанд, ки дар варақаи иттилоотӣ имконияти ба аксарияти саволҳои мавриди назари хеш ҷавоб ёфтан фароҳам омадааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар варақаи иттилоотӣ дастовардҳои иқтисодӣ иҷтимоии шаҳр дар соли сипаришудаи 2023, ҳамчунин, мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр соҳа ба соҳа, тариқи ҷадвалу диограммаҳо дарҷ гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, нақшаи иҷрои даромадҳои буҷети маҳаллӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, савдою хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дигар дастовардҳоро дар соли 2023 ба таври комил ифода кардааст ва дастрасии хабарнигоронро ба иттилооти дақиқу муфассал хеле осон намудааст.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар рӯзноманигоронро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри тадбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои судманду муассирро амалӣ менамояд.
Дастовардҳо дар шаҳр дар ҳама соҳаҳо назаррас буда сокинони Ҳисори Шодмон ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста таҷлил хоҳанд намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи Истиқлол зиёда аз 1600 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва ояндҳаи наздик шаҳри Ҳисор ба як гӯшаи зебою шукуфони диёрамон табдил хоҳад ёфт.
Бо назардошти маҳдудияти вақти барои нишаст муайянгардида, раиси шаҳр пас аз суханронии кӯтоҳ бо рӯзноманигорон ба саволу ҷавоб пардохт.
Сипас, қисми саволу ҷавоб оғоз гардида, рӯзноманигорон Саиди Ҳайдар аз ҳафтаномаи “Пайк” оид ба масъалаҳои кадрӣ, партовгоҳи расмӣ, Субҳониддин Маҳмудов АМИТ “Ховар” оид ба ташкили озмунҳои ҳавасмандкунӣ байни қаламкашон, аудит, суғуртаи иншоот, андозбандии нақлиёти мусофирбарӣ, фаъолияти китобхонаҳо, Маҳбуба Камолова аз “Народная газета” оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Муҳаммад Зокир аз рӯзномаи “Садои мардум” дар борраи тақсими замини наздиҳавлигӣ, сохтмон дар ҳудуди заминҳои кишоварзӣ ва ғасби замин аз ҷониби шахсони алоҳида, Саидэҳсони Ҷалолиён аз радиои “Тоҷикистон” дар масъалаи зиёд будани талафоти барқ дар шаҳр, ҳолати таъмирталаб будани баъзе аз қитъаҳои роҳи байнишаҳрӣ, сохтмони нотамом дар деҳоти Сомон, шафати роҳи Душанбе-Турсунзода, Ёқуби Содиқ аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бораи ташхисгоҳи Макази ВНМО, ки дар вагонхона фаъолият менамояд, эътирозҳои прокурорӣ вобаста ба замин дар соли 2023, Нарзулло Ҷӯраев аз радиои “Ховар” вобаста ба иҷрои нақшаи генералии шаҳри Ҳисор саволу пешниҳодоти хешро баён доштанд ва аз ҷониби раиси шаҳр ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова ва мудири шуъбаи иқтисодиёт, фарҳанг ва мактубҳои маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Қутбияи Неъматулло аз дастгириву ҳамкориҳои густурдаи дуҷонибаи нашрияҳо бо МИҲД-и шаҳри Ҳисор дар гузашта ва имрӯз ёдовар шуда, бо арзи сипосу эҳтиром сипосномаю туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳафтанома ва маҷалларо ба раиси шаҳр Қосим Роҳбар тақдим намуданд.
Раиси шаҳр ба рӯзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъол ва баёни андешаҳои ҷолиб, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр мусоидати фаъол мекунад, бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо, ислоҳи равандҳои манфӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум, аҳли нишастро ба ҳамкории мутақобилаи судманд даъват намуд.