Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

Бегоҳии 6 майи соли равон дар маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Ҳисор таҳти раёсати Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҳузури сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Вализода Хуршед ҷаласаи аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои боришоти рӯзҳои охир дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ва Деҳқонобод баррасӣ гардид.
Инчунин, раиси Комиссияи шаҳрӣ Носирзода Ҷаббор ва намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Вализода Хуршед вобаста ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар рӯзҳои минбаъдаи баҳорӣ, ки боришоти шадид ва хатари селҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро боиси вайрон шудани обраву заҳбурҳо, ҷӯю каналҳо шуда, эҳтимоли боиси афзудани садамаҳо дар роҳҳо, зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин, ё зери об мондани майдонҳои кишт, осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани хонаҳо гардад, ҳушдор доданд.
Ба аъзои Комиссия, барои назорати шабонарӯзии минтақаҳои хавфнок вазифаҳои мушаххас дода шуд.