Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва Деҳқонобод дар саҳрои ҶДММ “50-солагии Октябр” ва ҶДММ “Латиф Муродов” бо иштироки муовинон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаҳои иқтисод ва саноат, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, собиқадорони соҳаи пахтакорӣ ба маъракаи пахтачинӣ оғоз бахшиданд.
Дар майдони пахтазор роҳбари шаҳр бо чинакчиён ва роҳбарону масъулони хоҷагиҳо суҳбат ороста, ба пахтакорон изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки вазъи пахтазор бозгӯи он аст, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда иҷрои дурнамо барзиёд таъмин карда шавад. вобаста ба ташкили шароити хуби меҳнату истироҳат, хӯроки гарм, пардохти ҳаррӯзаи маблағи чиниш дар сари замин ва ҳавасмандкунии пешқадамон, ба хоҷагидорон ва масъулони Раёсати кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ моро водор месозад суръати чинишро вусъат бахшида, барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи деҳқонон тамоми воситаву имконотро истифода намоем. Дар идома Носирзода Ҷаббор чун рамзи эҳтиром ба меҳнати деҳқонон бо дуои пирони кор ва бо пешдомани пахтачинӣ вориди ҷӯяк шуд ва чинакчиёнро ба чиниши пахта ҳидоят карда, дар кори ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон барору муваффақият таманно намуд.