Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАНТАНАИ ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар идомаи тантанаҳои идонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми 8 сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, собиқадорони меҳнат, аҳли илму адаб, ҷавонон ва фаъолони шаҳр маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо сухани муқадимавӣ ба маҷлиси тантанавӣ оғоз бахшида, меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт, ва барои ҳузурашон дар чорабинии ҷашнии сокинони шаҳри Ҳисор сипосу эҳтиром баён дошт.
Ҳамзамон, зикр намуд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлолият сокинону соҳибкорони шаҳр тасмим гирифтаанд зиёда аз 50 иншооти таъиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва бо истифода аз минбари муносиб ба сокинони шаҳр, соҳибкорони саховатпешаю сарбаланд, барои сарҷамъию муттаҳидӣ дар ободонии диёр, сидқан изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар идома муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва джар симои онҳо сокинони шарафманди шаҳри Ҳисорро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Ҳамчунин, ҳокими шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи ҳайати намояндагони ӯзбек ба мардуми тоҷик изҳори таманниёти нек намуд.
Сипас, шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини театрикунонидашудаи консертиро бо иштироки сарояндаҳои маъруфи ҷумҳурӣ Ҷовидон Нозимов, Муҳаммадрофеи Кароматулло ва ансамблҳои рақсии “Сарвиноз”, этнографии “Бобоҷоно” ва сози овозии “Шодмон”-и филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов пешниҳод карда, ба чорабинӣ ҳусни тозаи идона эҳдо намуд.