Шоми 15 сентябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо тағйироти кадрӣ дар воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар бораи бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани Ёрзода Зафарҷон Сайдалӣ ба вазифаи сардори қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор ва бо қарори раиси шаҳри Ҳисор ва розигии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудани Холов Хуршед Имомович ба мансаби мудири Бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор шинос карда, ба ҳарду дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият барору муваффақият таманно намуд.
Дар идомаи маҷлис муовинони раиси шаҳр вобаста ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии дар ҷаласаҳои қаблӣ таъкидшуда гузориш дода, аз ҷониби раиси шаҳр шахсони масъул пурсиш шуданд.
Дар фарҷоми маҷлис, раиси шаҳр ба роҳбарону аъзоёни зергурӯҳҳои корӣ ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои сари вақт таъмин намудани иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ва ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд.


