3 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Рӯзи омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, собиқадорони соҳаи маориф, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва асосӣ, иштирокчиёни фаъоли олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар кормандони соҳа пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ раиси шаҳр дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр аз намоиши дастовардҳои маорифчиён боздид намуд. Сипас, дар чорабинии тантанавӣ суханронӣ карда, аҳли нишаст ва дар симои онҳо устодону шогирдон ва сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки: “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст”.
Афкори маорифпарваронаи халқи тоҷик дар мисоли адабиёти классикии он хеле ғанӣ аст. Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд, – пайваста таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллат.
Носирзода Ҷаббор бо сипосу эҳтиром аз корҳои ободонӣ, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи омӯзгорон, аҳолӣ ва соҳибкорон ёдовар шуда афзуд, ки дар шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мусоидати МИҲД-и шаҳр, ташаббуси омӯзгорон, аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таълими нав, 14 бино дар назди муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 8 муассисаи таълимӣ, дар умум 380 синфхона бо фарогирии 19 000 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар идомаи суханронӣ раиси шаҳр инчунин зикр намуд, ки дар шаҳр соли 2025 аз ҳисоби буҷет ба соҳаи маориф 247 миллиону 563 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 72 фоизи маблағи буҷети шаҳрро ташкил медиҳад. Аз 1 сентябр бо иқдоми Роҳбари давлат музди маоши кормандони соҳаи маориф аз 20 то 30% фоиз боло бурда шуд ва 22 миллиону 129 ҳазор сомонии иловагӣ аз ҳисоби буҷет пардохт мегардад.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба як қатор устодон, кормандони фаъоли соҳаи маорифи шаҳр нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, шуъбаи маориф ва иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф, инчунин, туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуд.





