Бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Нишон ва Парчами давлатӣ бо гулгаши зебои Қаҳрамонони Тоҷикистон, дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, Дурбат, деҳоти Ҳисор ва Мирзо Турсунзода мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва қаноддӣ, дар деҳаҳои Ҷавонон ва истгоҳ, дарвозаи даромадгоҳи деҳаҳо, чоҳи амудӣ, пули мошингузар, инчунин Маркази хизматрасонии иборат аз мағозаи молҳои ниёзи аввал, сехи дӯзандагӣ, дӯкони сартарошӣ, дӯкони нонпазӣ ва бунгоҳи дандонпизишкӣ мавриди истифода қарор гирифт.

