3 декабри соли 2025 бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори иҷрои муваффақонаи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар соли 2025, чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ифтитоҳ карда, кишоварзони шаҳр, хоса пахтакоронро барои ба марраи мурод расидан, самимона муборакбод гуфт.
Ҳамчунин, зикр намуд, ки соли 2025 пахтакорони шаҳр дар майдони 741 гектар кишти чигит гузаронида аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 23,6 сентнер ва дар баъзе хоҷагиҳо 30-40 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таманниёт ба кишоварзон, мужда расонид, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия – шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид ва аз ҷониби Созмони мазкур ба дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, ки ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидааст, Сертификати байналмилалии ФАО тақдим карда шуд.
То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ танҳо 12 иншоот дар 5 давлат- Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шудаанд. Акнун дараи Алмосӣ низ ба ин рӯйхат дохил шуд, ки пуле байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.
Ҳамзамон, аснои тақдими Сертификати байналмилалии ФАО ба раиси шаҳр, Ҳакимзода Қурбон афзуд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи аслии Сертификат дар Осорхонаи миллӣ ва нусхаҳои дигар дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва шаҳри Ҳисор маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кишоварзон, аз ҷумла ба ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Латиф Муродов”, “50-солагии Октябр”, хоҷагиҳои пешқадами ҷамъиятию деҳқонии пахтакор, хоҷагиҳои таҷрибавӣ, ҷамоатҳои деҳоти пахтакор, ба беҳтарин бригадир, механизатор, обмон, чинакчӣ, инчунин, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ барои сафарбарии муташакилонаи чинакчиён дар ҳашарҳои умумӣ ва ба намояндагони васоити ахбори омма барои инъикоси пайвастаи заҳмати пахтакорон дар радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз қабили яхдон, мошини ҷомашӯӣ, телевизору ноутбук ва дигар ашёи зарурии рӯзгор тақдим карда шуд.

