Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Навобод бинои мактаби нав бунёд ёфта, ба хонандагони синни мактабӣ, ки то имрӯз дар мактабҳои ҳамсоядеҳаҳо таҳсил мекарданд, туҳфа мегардад.
3 декабр маросими поягузории мактаб доир гардида, бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, фаъолони ҷамоат ва пиру барнои деҳа ба корҳои сохтмони мактаб оғози расмӣ бахшида шуд.
Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхона иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳр ба мардуми деҳа ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, итминон намуд мактаб дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар соли нави таҳсили 2026-2027, ҳамчун армуғони идона ба фарзандон туҳфа мегардад.
