Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

26 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилон, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз понздаҳ масъала – Ҳисоботи раиси шаҳр оид ба фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2025, тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили МВХ дар ҳавзаи интихоботии “Ҷалолобод” №35, тасдиқи буҷети шаҳр дар соли 2026 ва иҷрои буҷет дар соли 2024, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷет ва ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷет дар соли 2025, муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии дигар андозҳо дар шаҳр барои соли 2026, таъсиси муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №145, дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, иваз намудани муассисаи таҳсилоти умумии асосии №134 ба миёнаи умумӣ, таъсиси гурӯҳҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабии рақамҳои 1, 2, 8, ҳисоботи вакили МВХ аз ҳавзаи интихоботии “Ҷавонон”№15, инчунин қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдорро тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор баромад карда, оид ба фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ҳисобот дод.
Аз дастоварду мушкилиҳо дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус рушди саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, варзишу фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ёдовар шуда, натиҷаҳои бадастомадаро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Сипас, вакилон ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия шуруъ карда вобаста ба масъалаҳои баррасишуд қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Раиси шаҳр аз вакилон даъват ба амал овард, ки бо муттаҳидӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр муташаккилона ширкат намоянд ва дар роҳи иҷрои мақсаду ҳадафҳои гузошташуда, шукуфоии диёр саҳмгузор бошанд.
Бо ҳамин иҷлосия ба кори худ анҷом бахшид.