27 декабри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи шаҳри Ҳисор бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр оид ба масъалаҳои пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ мулоқот баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин бо сухани муқаддимавӣ оғоз карда иброз дошт, ки масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шумор рафта, дар замоне, ки фазои иттилоотӣ ҷаҳонро хатарҳои зиёд таҳдид мекунад, аз ҳар кадоми мо таваҷҷуҳи бештарро ба ин масъала тақозо менамояд.
Тибқи таҳлили ҷомеашиносон давоми солҳои охир ҳолатҳои содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон рӯй ба афзоиш дорад ва мутахассисон яке аз омилҳои зиёдшавии ин зуҳуротро дар паст будани сатҳи дараҷаи донишҳои ахлоқиву ҳуқуқии наврасон медонанд.
Дар мулоқот намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратураи шаҳр, суханронӣ карда, ҳолати воқеии сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғонро дар шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва ҷиҳати тақвияти корҳои пешгирӣ дар ин самт, таъсис додани гурӯҳи кориро бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, маорифу фарҳанг, ходимони дин баро пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба манфиати кор маънидод намуданд. Вобаста ба масъалаи пешгирии наврасони ҷавонон аз ҷинояткорӣ бо иштирокчиёни толор мубодилаи афкор сурат гирифт.

