Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КӮМАК БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА ХОНА -ИНТЕРНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва дастгирии маъмурияти ҶДММ “Бозори Самоҳ” ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, Мактаб-интернати бачагони нобино ва Хона-интернати касалиҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор, воқеъ дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Сомон ва Ҳисор як миқдор маводи хӯрока, аз қабили орд, гӯшту равған, биринҷу макаррон ва пиёзу картошка датрас карда шуд.
Маводи хӯрокаро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, воқеъ дар деҳаи Хирманак муовини раиси шаҳр Зиёвиддинзода Гулноза расонида, инчунин аз корҳои созандагиву ободонӣ дар муассиса шинос гардид ва бо кормандону тарбиятгирандагони мактаб – интернат суҳбат намуд.
Тавре роҳбари муассиса иброз дошт, роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва даҳҳо ҷавонмардони саховатманд пайваста ба муассиса кӯмак мерасонанд ва айни ҳол бо иқдоми чунин як саховатпеша барои хӯроки нисфирӯзии маъюбон дастархон ороста шудааст.
Муовини раиси шаҳр аз ошхонаи муассиса, ки ба тозагӣ аз таъмир бароварда шудааст, инчунин аз боғу майдончаи навбунёд барои фароғати маъюбон дидан карда, ба роҳбарият ва кормандони муассиса аз номи роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуд.
Ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои шаҳри Ҳисор ва Хона-интернати ҷумҳуриявии касалиҳои рӯҳӣ маводи хӯрокаи болозикрро кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастрас карданд.