Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ ДУ МУАССИСАИ ТИББӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаҳои Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон ва Шопури Ҷамоати деҳоти Навобод биноҳои нави маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи биноҳо муовинони раиси шаҳри Ҳисор Нурализода Хайриддин ва Зиёвиддинзода Гулноза иштирок карда, сокинони деҳаҳои номбурдаро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои ҷашнӣ шодбош гуфтанд ва ба сокинону соҳибкорони ҷамоатҳо барои дастгирии иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуданд.
Муассисаҳои тозабунёди тиббӣ бо шароити хубу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидаанд ва ба беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, дар назди муассисаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ, намоиши сару либос ва хӯрокҳои миллӣ баргузор карда шуд.