Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

14 майи соли 2026 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар долони ошёнаи якуми Кохи фарҳанг оилаҳои пешқадами шаҳр намоиши дастовардҳои хешро баргузор ва ба марази тамошо гузоштанд.
Раиси шаҳр ба якчанд кӯдакон шаҳодатномаи таваллуд ва ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим карда, ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила шодбош гуфт.
Дар толори калони Кохи фарҳанг чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии “Оилаи беҳтарин” “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ эҳдо гардид.