Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 июли соли 2026 дар шаҳри Ҳисор бо шаҳрвандони корҷӯ вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Фаррух Аловиддинов, намояндаи Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Умед Давлатов ва намояндаи ширкати «Пермтрансжелезабетон» аз кишвари Перми Федератсияи Россия Любовь Николаевна Филатова иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон оид ба имкониятҳои бо ҷойи кори расмӣ таъмин шудан дар Федератсияи Россия, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ, шароити кору маош, кафолатҳои иҷтимоӣ ва риояи қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Намояндаи ширкати корфармо фаъолияти корхона, ҷойҳои кори пешниҳодшаванда, талабот нисбат ба довталабон, шароити зист ва дигар имтиёзҳоро шарҳ дода, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандони хоҳишманд тавсия дода шуд, ки барои бо роҳи қонунӣ ва бехатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан аз хизматрасониҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ истифода намуда, пеш аз сафар аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳравар гарданд. Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои кори муносиб дар хориҷи кишвар мусоидат менамоянд.


