Аз 22 то 30 июли соли 2025 дар шаҳри Кучинги Малайзия Чемпионати Осиё оид ба таеквондо ВТ миёни наврасон ва ҷавонон бо иштироки 42 давлати Осиё баргузор гардид.
Шоми имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор, дӯстдорони варзиш ва дӯстону пайвандон ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондоро таҳти садои мусиқӣ истиқбол гирифтанд.
Байни ғолибон аз шаҳри Ҳисор Абдуҷафари Баҳодур ва Олия Муродова, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок карда, барандагони нишони биринҷии Қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон гардиданд, низ ҳастанд.
Тибқи маълумот Абдуҷафар дар вазни 55 кг бар намояндагони Фаластин, Қирғизистон, Ҳиндустон ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари Тайланд шикаст хӯрд ва соҳиби нишони биринҷӣ шуд
Олия Муродова дуюм медали биринҷиро барои Тоҷикистон сазовор гашт.
Ӯ дар вазни 37 кг миёни наврасон дар ду давр бар намояндагони Арабистони Саудӣ ва Қазоқистон пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

