31 июли соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси шаҳр аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 17 марти соли 2025 баргузор гардид, ёдовар шуда, аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи ҳизбиён, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияву Барномаҳои давлатӣ, ки дар як вақт барномаи ҲХДТ низ маҳсуб меёбад ва саҳмгузорӣ дар амалишавии нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва минатдорӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ, изҳори итминон карда шуд, ки ҳизбиёни шаҳр дар баробари пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми муносиб мегузоранд ва ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол менамоянд.
Дар интиҳои ҷаласа як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб бо “Сипоснома”- ҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.


