Шоми имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссариати ҳарбӣ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияи шаҳрии тиббӣ ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот намуд ва масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар мулоқот муовини якуми раиси шаҳр – раиси Комиссияи даъват Каримзода Сироҷиддин, муовини прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҷабзода Шоҳрух Ҷаббор оид ба мушкилоти сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ суханронӣ карда, талаботи якчанд моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад” ва “Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд” ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандон танзим менамояд, шарҳу эзоҳ доданд.
Раиси шаҳр, вобаста ба омодагӣ ба даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз масъулин пурсиш карда, ҷиҳати сафарбарии муташаккилона дар рӯзҳои аввали даъват ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, афзуд, ки то имрӯз зиёда аз 200 нафар ҷавонони шаҳр ихтиёрӣ барои хизмат ба Ватан ба Комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат кардаанд ва бештари онҳо ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб карда шуданд. Изҳори итминон карда шуд, ки бо дастгирии сохторҳои дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷавонони шаҳр дар рӯзҳои аввали даъват ба пуррагӣ сафарбар мегарданд.


