Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

5 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҳудудӣ баргузор гардида, аз фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар нишаст хабарнигорон аз васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ – АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Халқ овозӣ”, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”,Инсон ва табиат”, “Дунё”, “Ҳисори Шодмон”, “Ҳисори зарнисор” ва “Маорифи Ҳисор” шабакаи телевизиониву радиоии «Ҷаҳоннамо», “Сафина”, “Тоҷикистон”, «Садои Душанбе» ва медиомагнатҳои васоити ахбори омма дар шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд.
Қабл аз оғози нишаст, ба иштирокчиён варақаи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр оид ба амалишавии дархости намояндагони васоити ахбори омма, ки дар нишасти матбуотии раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 санаи 7 феврали соли 2025 пешниҳод шуда буд, дастрас гардид.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор рӯзноманигоронро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри тадбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои судманду муассирро амалӣ менамояд.
Дастовардҳо дар шаҳр дар ҳама соҳаҳо назаррас буда, сокинони Ҳисори Шодмон ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста таҷлил хоҳанд намуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи Истиқлол 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва ояндҳаи наздик шаҳри Ҳисор ба як гӯшаи зебою шукуфони диёрамон табдил хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, раиси шаҳр дар идомаи суханронӣ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба 2 миллиарду 276 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд ба 110 фоиз баробар карда шуд, аз ҷумла ин нишондод:
– дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ 159,3%
– соҳаи савдо 107,3%
– кишоварзӣ 107,5%
– хизматрасонӣ 112,6%
– саноат ва энергетика 106,9% – ро ташкил додааст.
Нақшаи даромади буҷети шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳаҷми 186 млн. 642 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба ҳолати 1 июли соли равон 195 млн. 988 ҳазор сомонӣ, ё 105 фоиз – яъне 9,3 млн. сомонӣ зиёд таъмин гардидааст, ки ба ҳалли мушкилоти як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ дар шаҳр мусоидат менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр”, ҳамчунин, амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 4119 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 2387 ҷойи кор зиёд мебошад.
Аз ҷумла ҷойҳои корӣ дар:
– соҳаи кишоварзӣ 2741;
– сохтмон 911;
– саноат 170;
– савдо ва хизматрасонӣ 218;
– дигар соҳаҳо 79 ҷой таъсис дода шудааст.
Айни ҳол, дар шаҳр 5 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 5 млн. долари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2021-2026” тибқи таҳлилҳо давоми солҳои 2021-2024 ва шашмоҳаи аввали соли 2025 барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1 млрд. 343,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла:
– аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 69,8 млн. сомонӣ;
– буҷети маҳаллӣ 9,9 млн. сомонӣ;
– бахши хусусӣ 1 млрд. 245,6 млн. сомонӣ;
– ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 18,3 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба 151,3 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2024 106,9 фоизро ташкил додааст.
Дар бахшҳои сохтмон ва меъморӣ, сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ 163 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 60,6 млн. сомонӣ ё 59,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолият барои беҳтар намудани сифати дастрасӣ ба барқ бо саҳми шабакаҳои барқи шаҳр, аҳолӣ, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон 4042 адад симчӯб, 100 адад трансфарматор ва 391,5 километр ноқилҳои барқӣ иваз карда шуда, ҳамчунин, бо саҳми ҳамин табақаи аҳолӣ ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ дар шаҳр 283 километр роҳҳои деҳот шағалпӯш, 153,4 километр бетонпӯш, 53 километр таъмири ҷорӣ ва 99 километр роҳ асфалтпӯш карда шуданд.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки рушди соҳаи маорифро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст, соли 2025-26 сохтмони 5 муассисаи таълимии нав (маҳаллаи 8-ум ва кӯчаи Файзулло Абдуллоеви шаҳраки Ҳисор, маҳаллаи Ӯртабузи шаҳраки Шарора, Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризо, Хушманзари деҳоти Ҳисор), 14 бинои иловагии мактабҳо ва дар назди 8 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ, дар умум бо 380 синфхона барои наздик ба 19 ҳазор хонанда ва 4 муассисаи томактабӣ, 9 маркази инкишофи кӯдак дар назар дошта шуда, сохтмони бештари онҳо оғоз гардидааст. Ҳамзамон, дар назди 22 муассисаи таълимӣ корҳои таъмиру муҷаҳҳазгардонии 22 маркази инкишофи кӯдак идома дорад, ки барои фарогирии 2 ҳазору 64 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолият ва оғози Соли нави хониши 2025-2026 ифтитоҳи 3 муассисаи таълимии нав, 7 бинои иловагии мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ дар умум 178 синфхона барои 8900 хонанда дар ду баст дар назар дошта шудааст.
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро яке аз ҳадафҳои стратегии хеш қарор додааст, аз мақсадҳои асосии кишоварзони шаҳр маҳсуб ёфта, ҷиҳати суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои мақсаднок амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 485 млн. сомонӣ, ё 107,5 фоиз баробар гардида, дар соҳаи растанипарварӣ 249,6 млн. сомонӣ, ё 111,6 фоиз, чорводорӣ 235,5 сомонӣ, ё 103,5 фоиз таъмин гардидааст.
Сипас, қисми саволу ҷавоб оғоз гардида, рӯзноманигорон вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи соли 2025, татбиқи нақшаи генералии шаҳр дар ин давра ва дигар саволу пешниҳодоти хешро за рӯи назарсанҷиҳою мушоҳидоти хеш баён доштанд ва аз ҷониби раиси шаҳр ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Раиси шаҳр ба рӯзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъол ва баёни андешаҳои ҷолиб, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳр мусоидати фаъол мекунад, бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо, ислоҳи равандҳои манфӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум, намояндагони васоити ахбори оммаро ба ҳамкории мутақобилаи созанда даъват намуд.