Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор дар қисми низомии 0124-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ-дастовард ва дурнамо” ҳамоиш ва хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш, ки бо иштироки ҳайати шахсӣ ва сарҳадбонон доир гардид, мудири Шуъбаи таблиғот, иттилот ва таҳлили Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фарҳод Шарифов, мудири Шуъбаи кор бо муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ Фатҳиддин Сайдалиев, мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва кор бо кадрҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Соҳибназар Файзалиев, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Ҳабибзода Сунатулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати ҷаъмбастии вохӯрӣ ба афсарону сарбозони фаъол “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсис намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

