Имрӯз, 4 август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ҷаласаи машваратӣ-назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр ду нафар ғолибони Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до ВТ, дастпарварони Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии ба номи Абдуманон Зокиров” Абдуҷафари Баҳодур ва Олия Муродоваро ки дар шаҳри Кучинги Малайзия байни наврасон ва ҷавонон сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷии Чемпионат гардиданд, муборакбод гуфта, ба роҳбарияти муассиса ва мураббиён изҳори сипос намуд.
Дар идомаи кори ҷаласа муовинон, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият ва дигар роҳбарони зерсохтор оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда гузориш доданд.
Раиси шаҳр фаъолитяти масъулинро соҳа ба соҳа таҳлил намуда, вобаста ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти соҳаҳо, бахусус омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур, меваю сабзавот ва содироту захираи он, таъминоти аҳолӣ бо обу барқ, аз масъулин пурсиш кард ва барои ислоҳи саривақтӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

