Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИР

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, 6 сентябри соли 2025 дар толори МИҲД-и шаҳри Ҳисор нафаронеро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ шудаанд ба ҳузур пазируфт ва бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Маҳмудзода Муяссара медали “Хизмати шоиста” ва сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор Шарифов Баҳром “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Дар маросими мукофотсупорӣ муовини Савазир гирандагони мукофоти олиро самимона табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо минбаъд низ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои пешрафти Тоҷикистон равона месозанд.