Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аёдату хабаргирӣ аз рӯзгори собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои ниёзманд ва пирони кору рӯзгор дар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст.
6 сентябр, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Сурайё Дӯстмуродзода, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва шаҳраки Ҳисор собиқадоронеро, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд, аз қабили собиқ раиси колхози Ленинизм (ҳоло ба номи Ҳайдар Миров) Нусратулло Исматов, собиқ мудири таваллудхонаи №1, Зебо Ашӯрова, ки аз аввали таъсисёбии таваллудхона (соли 1977) то соли 2013, зиёда аз 35 сол роҳбарӣ кардааст, ва собиқ мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказӣ, сардухтури маркази саломатии шаҳрӣ, Аълочии тандурустии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юсуф Ниёзовро аёдат карданд ва бо шароити зиндагиву рӯзгорашон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

