8 сентябри соли равон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба як қатор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон, раисони маҳалла, кормандони соҳаҳои гуногун барои хизматҳои шоиста, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ифтихорнома” ва ҷоизаю туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Дар идомаи чорабинӣ натиҷаи озмунҳои шаҳрии “Беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳаллаву деҳа ва хонаи истиқоматӣ” ҷамъбаст ва муаррифӣ гардида, ғолибон бо Ҷоиза, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, намояндаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси шаҳр ва якчанд кормандони мақомот ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор медали 34-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.


