Субҳи 3 сентябри соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо иштироки роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор дар саҳрои ҶДММ “50-солагии Октябр” ба маъракаи пахтачинӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Дар саргаҳи майдони пахтазори хоҷагӣ раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси намояндагон бо роҳбарону масъулони хоҷагӣ ва чинакчиён суҳбат ороста, онҳоро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Ба деҳқонони хоҷагӣ барои парвариши ҳосили баланд изҳори сипос намуда афзуданд, ки дар саҳроҳои хоҷагӣ пахта хуб нашъунамо карда, сап-сафед шукуфтааст ва умедвор шудан мумкин аст, ки пахтакорон ба қавли худ содиқ монда, ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ моро водор месозад суръати чинишро вусъат бахшида, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳар пағаи бо арақи ҷабин парваридаи деҳқонон тамоми воситаву имконотро истифода намоем.
Дар идомаи суҳбат, аз раванди ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, тағйирёбии иқлим дар сайёра ёдовар шуда, атрофи масъалаҳои ҳифзи асолат, арзишҳо ва қонунҳои миллӣ, анъана ва расму оинҳои миллӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, хоса духтарон ва ба меҳнат, илму ҳунар роҳнамоӣ намудани онҳо, пешгирӣ аз ҷаҳолату хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуданд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор ва Сурайё Дӯстмуродзода ба якчанд чинакчиёни пешқадам бастаҳои иборат аз ороишоти занонаро туҳфа карда, чун рамзи эҳтиром ба меҳнати деҳқонон бо дуои пирони кор ва бо пешдомани пахтачинӣ вориди ҷӯяк шуданд ва чинакчиёнро шарикӣ карда ба чиниши пахта ҳидоят намуданд.
Раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон барору муваффақият таманно намуда, ҷамъи чинакчиёнро ба чорабинии тантанавии ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 8 сентябр дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” баргузор мегардад, даъват намуд.

