6 сентябри соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Мансурӣ Дилрабо, ки бо мақсади тақдим намудани ҷоизаю туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони шаҳр дар шаҳри Ҳисор қарор дорад, пас аз баргузории маросими ҷоизасупорӣ бо раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ба Ҷамоати деҳоти Дурбат ташриф оварда бо ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳи Ҳисор-Айнӣ-Душанбе ва сохтмони дарвозаи деҳаи Дурбат шинос гардиданд.
Муовини Сарвазири мамлакат, бо сифати мумфаршкунии роҳи мазкур ошно гардид ва бо роҳсозон суҳбат карда, ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуд ва ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолият шодбош гуфта, барои ҳарчи зудтар ва хушсифат ба анҷом расонидани корҳои мумфаршкунӣ барору муввафақият изҳор дошт.

