Сокинони деҳаи Нилу, Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор як миқдор маблағ ҷамъоварӣ карда, пиру барно гузур-гузар, бо навбат ба ҳашари дастҷамъона баромаданд ва аз маркази деҳа то сарҳади деҳаи Искич, роҳи мошингардро ба масофаи 6 километр таъмир карданд.
Сокинони деҳаҳои ҳамсоя, ки аз ин роҳ истифода менамоянд – Тахт, Кӯшкак, Искич, Якатут, Турушбоғ, Истонӣ ва Рағоба тасмим доранд роҳи боқимондаро, ки то маркази ҷамоат 5 килеметрро ташкил медиҳад таъмир карда, равуои бемамонияти нақлиётро дар фасли зимистон ба ҷамоат ва маркази шаҳр таъмин намоянд.

