Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАКТАБИ ДЕҲАИ ТӮДАИ ДЕҲОТИ МИРЗО РИЗО

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳри Ҳисор бо ҳидояти пирони кор, шахсиятҳои муътабари деҳаи Тӯда, ки худ низ, дар ин дабистон солҳои зиёд дар таълиму тарбияи фарзандони деҳа саҳм гирифта, аз ҷумлаи ходимони намоёни давлатӣ, академику профессорони машҳури кишварро ба камол расонидаанд, ба хотири ободонии муассиса як қатор иқдомҳои созанда роҳандозӣ гардид.
Қаблан бо мусоидати онҳо онҳо фарзандони бананги Тӯда муассисаро таъмир карда, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти онро батамом иваз намуданд, ҳамакнун, ба андешаи сарварони деҳа вақти он расидааст, ки саҳни ҳавлии муассисаро таъмиру тармим карда, намои онро аз нигоҳи нав ободу зебо гардонанд. Бо ин мақсад, алаккай корҳо оғоз гардида, ҳамарӯза даҳҳо нафар пиру барнои деҳа бо навбат ба ҳашари дастҷамъона мебароянд.