Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор шоми имрӯз ба ҷамоатҳои деҳоти Дурбат ва Деҳқонобод ташриф оварда, дар деҳаи Хоҷасиддиқ устоди аввалин ва роҳбари синфаш, собиқ омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62, собиқадори соҳаи маориф Мирзо Назаров ва дар деҳаи Хӯҷамӯссо, оилаи омӯзгорон Ваҳобовҳо – собиқ омӯзгори Муассисаи давлатии коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор Махфират Ваҳобова. щамсараш Муҳаммадқосим Ваҳобовро, ки айни ҳол дар муассисаи мазкур фаъолияти омӯзгорӣ дорад, аёдат намуд ва ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.
Раиси шаҳр ба рӯзгори собиқадорони маориф таваҷҷӯҳ карда, аз шароит, вазъи саломатиашон пурсон шуд ва омодагии хешро барои ҳалли ҳамагуна мушкилоту эҳтиёҷоти оилавии устодон, аз ҷумла мусоидат намудан ба табобату фароғат, изҳор дошт.


