Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ПУРШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД..

Шоми дирӯз, 3 октябр дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода паёми табрикии раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷабборро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ироа карда, иштирокчиёни чорабиниро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.
Сипас, бо иштироки ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид ва чорабинӣ ҳусну намои идонаро дар худ таҷассум намуд.