21 январи соли 2026 таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин бо иштироки аъзоёни комиссияҳо ҷаласаи комиссияҳои шаҳрӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва оид ба барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ, баргузор гардид.
Муовини якуми раиси шаҳр зимни суханронии муқаддимавӣ иброз дошт, ки 15 январи соли 2026, таҳти роҳбарии раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон баргузор гардида масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон дар соли 2025 ва вазифаҳо дар ин самт, дар соли 2026, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти назаррас Тоҷикистон дар радабандии Департаменти давлатии ИМА оид ба мониторинг ва мубориза бо савдои одамон байни давлатҳои марбута мақоми дуюмро соҳиб гардид, ки ба баланд гардидани обрӯву мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, мусоидат менамояд.
Дар идома таъкид гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025 “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027” ва дар заминаи он, аз 28 октябри соли 2025 қарори раиси шаҳри Ҳисор ба тасвиб расида, комиссияи шаҳрӣ дар ҳайати нав таъсис дода шудааст.
Каримзода Сироҷиддин аз вазъи воқеии ҳолатҳои рух додани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон дар ҷумҳурӣ ва шаҳр, қурбониёни ин амали нангин ва чорабиниҳои пешгирикунанда, ки дар шаҳр давоми соли 2025 баргузор гардидааст, муфассал маълумот дод.
Дар масъалаи амали “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” аз 1 июни соли 2024 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 20 сентябри соли 2024 қарори раиси шаҳри Ҳисор ба тасвиб расидааст,-ёдовар шуд Каримзода Сироҷиддин.
Сипас, вобаста ба фаъолияти комиссияи шаҳрӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар соли 2025 ҳисоботи котиби комиссия, сармутахассис-ҳуқуқшиноси мақомот Абдулазиз Собиров ва вобаста ба фаъолияти комиссияи шаҳрӣ оид ба барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористдошта дар соли 2025 ҳисоботи котиби комиссияи мазкур, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Юсуфалӣ Ҳасан шунида шуд.
Бо мақсади фаъолияти беҳтари комиссияҳо дар соли 2026, масъулини комиссияҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсат, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳр, инчунин, баргузор намудани мулоқоту чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ин самтҳо, вазифагузорӣ карда шуданд.

