Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ ЗАМИНЛАРЗАИ ҲИСОР

23 январ роҳбарияти шаҳри Ҳисор, фаъолону собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли ҷамоатчигии шаҳр, шоҳидони ҳодиса ва наздикону пайвандони нафароне, ки дар пайи ҳодисаи зилзилаи Ҳисор ба ҳалокат расиданд, ба оромгоҳҳои шаҳидони зилзилаи Ҳисор, воқеъ дар ҷамоатҳои шаҳраки Шарора ва деҳоти Ҳисор ташриф оварданд ва хотираи шаҳидонро гиромӣ доштанд.
Пас аз маросими гулгузорӣ ба пояи лавҳаи ёдгорӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Зиёвиддинзода Гулноза суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки субҳи 23 январи соли 1989 дар Ҳисор заминҷунбӣ рух дода, бар асари офати табии миллионҳо мукааб хоку гил деҳаҳои Шарора (ҳоло шаҳрак), Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва қисман Оқулии Поён (ҳоло Сайёд)-ро ба комаш фурӯ бурд. Дар шаҳр 4,5 ҳазор манзили истиқоматӣ, 53 мактаб, 24 муассисаи тандурустӣ, 2 боғча, 9 клуб, 4 фермаи чорводорӣ, 15 километр роҳ, 14 километр хатҳои обу канализатсия, 50 километр хатҳои радиову телефон ва ғайраҳо зарар дида, 15 ҳазор одамон бехонаву ҷой монданд, мудҳиштар аз ин ҳама, 226 нафар зери хоку гил монда ба ҳалокат расиданд ва ё бенишон гаштанд.
Аз як оила 6 нафар – падар, модар ва чор фарзанд зери хок монда, бо амри тақдир танҳо Парвинаи шашрӯзаи аз оламу одам бехабар, ки меҳру муҳаббати падарро ҳанӯз эҳсос накарда, чеҳраи онҳоро дар ёд надошт, дохили гавҳора наҷот ёфт. Баъди ин ҳодиса ӯ бо исми Шарора маъруф шуд ва ҳамсоли зилзила имрӯз – 37 сол дошта, нишон аз шаҳидони пурармон, ҳамчун, рамзи идомаи ҳаёт байни мо умр ба сар мебарад.
Зикр гардид, ки аз соатҳои аввали офати табиӣ аз тамоми гӯшаю канори олам телеграммаҳои ҳамдардию тасаллият ворид шуда, ба зарардидагони заминларза кӯмакҳои хайриявии башарӣ расиданд. Аввалин гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон аз ҷумҳуриҳои Арманистону Молдава, Украинаю Беларусия бо техникаю таҷҳизот ба маҳалли офат расида, ҷумҳуриҳои бародари Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон барои бо манзили зист таъмин намудани сокинони зарардида камар бастанд.
Тавассути васоити ахбори омма сокинони Аврупою Амрико, Осиёву Африқо воқиф шуда, ёриҳои башардӯстона фиристода мешуданд. Сокинони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз зарардидагон дастгирӣ карда, масолеҳи зиёди сохтмон ворид мегардид.
Бинокорон бе рӯзи истироҳат, нигоҳ накарда ба сармои зимистон бо суръат дар деҳу маҳалҳои харобгаштаи Шарора, Ӯзбекистон, Ҳисор, Ҷавонӣ, Ҳаёти Нав манзил сохта, дар муддати кӯтоҳ мактабу нуқтаҳои тиббӣ, иншооти савдою хизматрасонӣ қомат рост мекарданд.
Ҳамчунин, аз садоқату саммимият ва хизмату дастгириҳои роҳбарони вақти ҷумҳурӣ, инчунин, фарзандони Ҳисори Шодмон, собиқ раисони кумитаи иҷроияи ноҳия, роҳбарону аъзоёни ситодҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, роҳбарони ҷамоату хоҷагиҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои истеҳсоливу коммуналӣ, табибон, варзишгарон ва даҳҳои дигар ёдовар шуд, ки шабу рӯз паҳлуи офатзадагони зилзилаи Ҳисор буданд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ анҷом наёфта, соли 1993 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани оқибатҳои заминларза ва ба низом овардани фаъолият дар мавзеи офатзада, Ҷамоати шаҳраки Шарора таъсис ёфт. Дар ҳудуди ҷамоат 6 муассисаи таҳсилотӣ, 3 муассисаи тандурустӣ, китобхона, маркази фарҳангӣ фароғатӣ, чойхонаву ошхона, зиёда аз 60 нуқтаи савдою хизматрасонӣ, 6 корхонаи хиштбарорӣ, инчунин корхонаҳои саноатии коркарди коғаз ва пахта фаъолият доранд.
Аз он зилилаи фалокатовар, ки мардумро дар мотам шинонида, фарзандро аз волидайн, падару модарро аз ҷигарбанд, дилбаронро аз дилдодаҳои хеш ҷудо намуд 37-сол гузашт. Ба ҷои биноҳои харобгашта биноҳои нав қомат рост карда, деҳҳу маҳаллаҳои обод бунёд гардиданд ва мардум ба зиндагии осоишта баргаштанд, вале хотираи шаҳидони ин фоҷеа, ки села-села зери замини сардро макони абад ихтиёр карда, орзуҳои ширину умедҳояшонро аз зиндагӣ бар боди фано бурданд, аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд, – иброз дошт муовини раиси шаҳр.
Дар фарҷоми суханронӣ ба фарзандону пайвандони ҳалокшудагони заминларза, ки дар маросими ёдбуди шаҳидон иштирок доштанд ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони шаҳр, ки рафиқону дӯстони худро аз даст дода он айём мотамзада шуда буданд, барои сабру таҳаммуле, ки он шабу рӯз доштанду то ҳанӯз доранд, изҳори тасаллият кард.
Таманнои онро намуд, ки дар кишвари азизамон бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати комил ҷовидон бошад ва мусибате, ки ба сари мардуми Ҳисор омада буд, ҳеҷ гоҳ такрор нагардад.
Дар маросими ёдбуди шаҳидон, ҳамчунин шоҳиди аслии заминларза, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ раиси ноҳия, Мансуров иштирок ва суханронӣ карда, хотироти хешро аз он рӯзҳо варақгардон намуд.
Аз хизмати ҳамсафони хеш, мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ки бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ саҳми арзанда гузоштанд, инчунин кӯмаки арзишманди бародарони ӯзбек аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба садҳо нафар осебдидагони офат манзили истиқоматӣ бунёд карданд, ёдовар шуда, афзуд, ки муҷассамаи ёдгорие, ки дар макони офат гузошта шудааст, моро аз даҳшати он рӯзҳо ҳушдор медиҳад ва намегузорад ёди шаҳидони ин фоҷиа аз хотираҳо зудуда гардад.
Дар фарҷом иштирокчиёни маросими ёдбуд бо қироати оят аз Қуръони Шариф дар сари марқади шаҳидони Шарора ва Сарчашма (собиқ Оқулии Боло ва Оқулии Поён) хотири шаҳидони заминларзаи Ҳисорро гиромӣ доштанд.