19 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кормандони масъули шабакаҳои барқи шаҳр машварати назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни машваратро бо тағйироти кадрӣ дар воҳидҳои сохториии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шинос намуд.
Муовинони соҳавии тазатаъйинро ба фаъолони шаҳр бори дигар муаррифӣ карда, собиқ муовинон – Бунафша Юлдошзода ва Абдуфаттоҳ Назирзодаро барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият орзу намуд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музафарӣ Нодира Музаффар мудири бахши Сабти асноди шаҳрвандии шаҳри Ҳисор, бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Хайриддин Файзалиевич ба вазифаи роҳбари шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор ва бо фармоиши сардори хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Давлатзода Файзиддин Отахон сардори шуъбаи Ҳисор – Шаҳринави хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор таъйин гардиданд.
Дар идомаи машварат муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин иштирокчиёни машваратро бо мазмуни пешниҳоди прокуратураи шаҳр дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда оид ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷорӣ вобаста ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, пардохти маблағҳои ҳаққи истифодаи он, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва талафоти қувваи барқ дар 12 моҳи соли 2025, дар шаҳри Ҳисор шинос намуд.
Аз ҷониби раиси шаҳр масъулини соҳаи барқ пурсиш шуда, ба онҳо, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо ва вобаста ба камбудиҳои дар пешниҳоди прокуратура дарҷгардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи машварат гузоришҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳ оид ба фаъолият дар ҳафтаи гузашта шунида шуд.
Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои гузашта, назорати рафти зимистонгузаронӣ, вусъати корҳо дар иншооти ҷашнӣ, таъминоти аҳолӣ бо обу барқи муназзам, назорати тозагии шаҳр, шудгор, кишт ва ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои марбута, масъулинро вазифагузорӣ намуд.


