Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАШНГИРИИ НАВРӮЗ ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МАКТАБ ДАР МУАССИСАИ “НУРИ ИРФОН”

23 марти соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ташриф оварда, дар чорабинии тантанавии устодону шогирдони Муассисаи хусусии таҳсилоти миёнаи умумии “Нури Ирфон”, ки ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намуданд, иштирок карда, ҳамзамон, бинои нави муассисаро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Устодон ва шогирдони муассиса ба истиқболи меҳмонон намунаҳо аз дастовардҳои хонандагону омӯзгорон, сару либос ва хӯроку ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузошта, дар васфи баҳор ва Наврӯз шеъру таронахонӣ намуданд.
Тавре иттилло доданд, бино дар се ошёна барои 1000 хонанда дар ду баст бунёд ёфта, бо синфхонаҳои кушоду барҳаво ва кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида шудааст. Таҳсил дар муассиса ба забони русӣ буда, дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ 7 нафар омӯзгори фаннҳои даққиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аз Федератсияи Россия ба таълиму тарбияи шогирдон ҷалб гардидаанд.