23 марти соли равон дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, меҳмонон аз Кумитаи марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳайати намояндагони ноҳияи Деҳнав, вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин иштироки хабарнигорон аз васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор доранд, ба ифтихори наврӯзи байналмилалӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ, аз таърихи Наврӯз, саҳми Пешвои миллат дар эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгон ва мақоми байналмилалиро гирифтани Наврӯз ёдовар шуда, меҳмонону сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр ва муовини ҳокими ноҳияи Деҳнав иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро шодбош гуфтанд.
Сипас, бо иштироки ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ва Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов барномаи ҷолиби консертии тараннумгари баҳору наврӯз, зебогиҳои табиати диёр пешкаши ҳозирин гардид.

