Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШОМИ ДӮСТӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОНИ ӮЗБЕКУ ҚИРҒИЗ

Бо мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни ниёгон- Наврӯз, иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҳамҷавор дар ҷашнҳои умумимиллии ҳамдигар ба ҳукми анъана даромадааст.
23 марти соли 2026, меҳмонони ҲХДТ, ҳайати меҳмонони ӯзбек аз ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё, инчунин хабарнигорони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки барои шиносоӣ бо фаъолияти ҳампешаҳои худ дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе қарор доранд ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии “Ҳисор”, намоишу роҳпаймоиҳои идона ва чорабинии фарҳангии наврӯзии сокинони шаҳри Ҳисорро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ, тамошо карданд.
Шоми дирӯз, 23 март бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар боғи зимистоннаи “Шаршара” ба муносибати ташрифи меҳмонон дастархони идона ороста, шоми фарҳангии пуршукӯҳи дӯстӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, меҳмонон атрофи деги суманакпазӣ, ки дар боғ гузошта шуда буд даври ҳам омаданд ва бо нияту орзуҳои нек ва риояи суннатҳои суманакпазӣ ба дег кафча заданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор меҳмонон аз Кумитаи марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин ҳайати меҳмонони ӯзбеку қирғизро пазироӣ карда, бори дигар ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт ва барояшон истироҳату фароғати хуш таманно намуд.
Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ҷонибҳо бо арзи ихлосу эҳтиром ва орзуҳои нек ҳамдигарро шодбош гуфтанд ва туҳфаҳои хотиравии дорои рамзҳои таърихӣ тақдим карда, бори дигар ҳамдилии бародаронаи се халқи ба ҳам дӯстро, ки мерос аз ниёгон аст, ба намоиш гузоштанд.
Ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ва ансамбли рақсии “Сарвиноз”-и шуъбаи фарҳанг бо шеъру таронаҳои тоҷикӣ, ӯзбекию қирғизӣ, ки бо як лаҳну оҳанг ва се забон суруда мешуд ва бо рақсҳои ҷолибу дилангез ба базми дӯстон шодиву сурур эҳдо намуданд.
Меҳмонон аз истиқбол ва пазироии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони шаҳри Ҳисор изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон, афзуданд, ки дари хонадони ҳар қирғизу ӯзбек барои дӯстони тоҷикашон ҳамеша боз аст!