Субҳи 22 апрели соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод ташриф оварда, дар деҳаи Лолагӣ бо рафти сохтмони бинои иловагии мактаб дар назди МТМУ рақами 35, ки бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ду ошёна бо 14 синфхона, утоқ барои омӯзгорон ва маҷлисгоҳ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият бунёд меёбад, шинос гардид.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар ҳашари бетонрезии сокинони деҳа иштирок карда, дар рехтани таҳкурсии бино бо ҳашарчиён ҳамдастӣ намуд.
Дар назди муассиса бо фаъолони деҳа ва омӯзгорони муассиса суҳбат ороста, барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кард ва итминон намуд, ки бино то оғози соли нави таҳсил, дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

