22 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар деҳаи Себистони деҳоти Навобод дар ҳашари дастҷамъонаи сокинони деҳаи мазкур иштирок карда, чун рамзи эҳтиром ба мардуми бунёдкор дар чидани хишт шарикӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки деҳа то имрӯз мактаб надошт ва фарзандони мардум ба чандин деҳаҳои атроф, ки 2-3 километр дурии роҳ доранд тақсим шуда, барои таҳсил мерафтанд.
Сохтмони муассиса, ки дар ду ошёна, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо мусоидат ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чор моҳ қабл – 3 декабри соли 2025 бо иштироки раиси шаҳр ва бо дуои пирони кор оғоз гардид ва сокинони деҳа бо дасту дили гарм барои бунёди он камар бастанд. Бо гузаштани начандон муҳлати зиёд, алаккай сохтмони ошёнаи якуми бино анҷом ёфта, корҳои хиштчинӣ дар ошёнаи дуюми бино бо маром идома дорад.
Раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулони соҳаи саноат барои ҳарчи зудтар дастрас намудани хишти боқимонда, ки мақомот таъмин намудани онро бар уҳда гирифтааст, супориш дод.
Фаъолони деҳа аз дастгириҳои шаҳрдор изҳори хушҳолӣ карданд ва бо ҳидояти раиси шаҳр тасмим гирифтанд баъд аз анҷоми корҳои сохтмон дар мактаб, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолият дар назар дошта шудааст, барои кӯдакон ба бунёди як муассисаи замонавии томактабӣ иқдом намоянд. Яъне, пешниҳод аз ҷониби мардум бо хушнудӣ истиқбол гардид ва умед аст, солҳои наздик дар шафати мактаб як кӯдакистони дигар қомат афрохта, ба фарзандон туҳфа гардад.

