19 майи соли равон сокинони Тоҷикистон шоҳиди як рӯйдоди бузургу бесобиқа ва дорои аҳамияти баланди таърихиву маънавӣ гардиданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии истиқболи мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи намоёни сиёсию фарҳангӣ, аввалин вазири маориф ва маорифпарвари Тоҷикистон Нисор Муҳаммад баргузор шуд. Дар фазои ифтихору сарфарозӣ аз ватандорӣ, дар оромгоҳи Лучоб, дар қатори фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки тӯли таърих ба давлату миллат хизмати содиқона кардаанд, дафн карда шуданд. Ин иқдоми таърихии Пешвои миллат нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони барӯманди миллат буда, барои насли ҷавон дарси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Зеро маҳз чунин шахсиятҳои бузург барои ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Субҳи 29 майи соли 2026 роҳбарияти шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва як қатор фаъолони шаҳр бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба нишони эҳтирому садоқат ба арзишҳои миллӣ, ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, дар ҳаққи ходимони барҷастаи таърихи миллат дуои фотиҳа хонданд ва бо эҳтироми беандоза хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат ва ҳифзи хотираи таърихӣ яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро миллате, ки гузашта ва қаҳрамонони худро эҳтиром мекунад, метавонад бо ифтихор роҳи ояндаи худро бунёд намояд.
Дар анҷоми чорабинӣ масъулин ва сокинон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона дар таҳкими ҳисси миллӣ, эҳтиром ба таърих ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан нақши муҳим доранд.


