Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 21 майи соли равон муовинони соҳавии раиси шаҳри Ҳисор таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, аз рафти корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади шиносоӣ бо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ дар деҳаи Даҳбед аз маркази саломатии деҳотии “Даҳбед” ва дар деҳаи Меҳробод аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дидан карданд. Дар идомаи сафар дар деҳаи Баракат бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооти ҷашнии Маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар деҳаи Меҳробод бо ҳолати самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии сокини деҳа Йигиталӣ Маматқулов – бо гармхонаи бунёд намудаи ӯ дар майдони 0,10 га шинос гардида, инчунин аз фаъолияти фермаи чорводории ҶДММ “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” боздид карданд.
Нимаи дуюми рӯз дар толори Маркази фарҳангӣ-фароғатии ҷамоат мулоқоти раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода доир гардида, масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамоат ва рафти корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият дар деҳоти мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.