Субҳи имрӯз, 17 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳр чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Чорабинии оммавии Дави миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфт.
Зикр гардид, ки чорабинии Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он бо иштироки оммаи васеи аҳолӣ дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.
Раиси шаҳр аз рушди варзиш дар шаҳр ёдовар шуда иброз дошт, ки давоми солҳои охир дар шаҳр майдончаву толорҳои зиёди варзишӣ бунёд ёфта, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз бунёди даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои дилхушӣ барои кӯдакону насли наврас ва ҷавонон ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодааст.
Варзиш муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ва қосиди сулҳ, рамзи дӯстию бародарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии зебо, тандурустию саломатӣ ва оромии рӯҳию равонӣ арзёбӣ мегардад, – афзуд раиси шаҳр.
Дави миллӣ яке аз мусобиқаҳои варзишии оммавӣ ба шумор рафта, сол аз сол сафи ширкаткунандагон ва нуфузи он дар шаҳр меафзояд.
Аз рӯи шартҳои муайянгардида иштирокчиёни чорабинӣ мувофиқи синну сол, имкониятҳои ҷисмонӣ ва ҷинс дар масофаҳои гуногун ширкат карда, ғолибон муайян гардиданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ғолибони мусобиқаи Дави миллӣ ва веломарафон, ҳамчунин, як қатор фаъолоне, ки дар баргузории чорабинӣ саҳм гузоштанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо “Сипоснома”-ҳои раиси шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, инчунин, туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Сипоснома ва туҳфаҳоро ба ғолибон, дар фазои тантанавӣ муовини якум ва муовинони раиси шаҳр тақдим намуданд.


