Субҳи 3 июни соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд ва бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва муовини Вазири кишоварзӣ Аҳмадзода Баҳромҷон бо фаъолияти кишоварзони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Латиф Муродов” ва “50-солагии Октябр” шинос гардида, ба ҳолати нашъунамои зироатҳо баҳои баланд доданд.
Вазир, зимни суҳбат бо деҳқонони хоҷагиҳо аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда таъкид намуд, ки кишти тухмиҳои ғалладонагиҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқшаванда ва ба хушксолӣ тобовар, аз ҷумла навъҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шавад, то устувории соҳаи кишоварзӣ дар шароити камборишӣ таъмин гардад.
Ҳамзамон, ба масъулин супориш дода шуд, ки таҷрибаи олимони соҳаро дар амал истифода бурда, хоҷагиҳоро бо тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ таъмин намоянд, ки ин ба гирифтани ҳосили дилхоҳ ва кам кардани хароҷоти деҳқонон кӯмак мерасонад. Тавсия дода шуд, ки аз навъҳои маҳаллии гандуми ба хушксолӣ ва тағйирёбии иқлим устувор, бештар истифода бурда шавад, чунки онҳо дар шароити Тоҷикистон ҳосилнокии баландро таъмин карда метавонанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкории хоҷагидорон бо олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зич ба роҳ монда шуда, дастовардҳои илмии онҳо дар селексияи тухмиҳои баландҳосил дар амал васеъ татбиқ гарданд. Вазир изҳор дошт, ки истифодаи навъҳои ватании ба иқлими камбориш тобовар, ки аз ҷониби селексионерони тоҷик ихтироъ шудаанд, ягона роҳи муҳофизати ҳосил аз гармии шадид ва камобии мавсимӣ мебошад.
Вазири кишоварзӣ, инчунин, дар саҳрои ҶДММ “50-солагии Октябр” аз парвариши чигит бо усули зери плёнка боздид карда, дар раванди боздид таъкид гардид, ки усули кишти зери плёнка имкон медиҳад, ки намнокии замин нигоҳ дошта шуда, сабзиши ниҳолҳо тезтар ва ҳосилнокӣ баланд гардад. Ба масъулин ва деҳқонони хоҷагӣ супориш дода шуд, ки барои сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳо, обутоб додани ниҳолҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон аз тамоми имкониятҳо ва техникаву механизми зарурӣ самаранок истифода баранд.
Дар доираи ин сафар Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин ба корхонаи ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор ташриф овард. Дар заминаи ин корхона васлкунии тракторҳои тамғаи маъруфи «Беларус» ба роҳ монда шудааст. Мавсуф зикр намуд, ки истифодаи техникаи ватанӣ хароҷоти деҳқононро кам ва суръати корҳоро вусъат мебахшад. Дар хатҳои истеҳсолии корхона ба истеҳсол ва васлу насби комбайнҳои ғаладарав, ки аз ҷониби муҳандисони маҳаллии корхона ба роҳ монда шудааст шинос гардида, ба сифати техникаҳо таваҷҷуҳ намуд ва ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо техникаи дарав дар мавсими ҷамъоварии ҳосил, чораҳои зарурӣ андешанд.
Тавре, роҳбари корхона зикр намуд, онҳо дилери расмии ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба мисли ОАО «Гомсельмаш», АО «Клевер» ва ғайра буда, комбайнҳо ва таҷҳизоти дигарро ба кишвар ворид менамоянд. Муҳандисони корхона сохти техника ва таҷҳизоти ядакшавандаро тибқи талаботи деҳқонони маҳаллӣ такмил медиҳанд ва корхона дорои гурӯҳҳои сайёри таъмирӣ мебошад, ки техникаро дар давраи кафолат ва пас аз он таъмир менамоянд.


