Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: May 2026

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ФАЪОЛИЯТИ БОЗОРҲО

Имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон ва намояндаҳои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои дахлдор аз раставу дӯконҳои бозори мараказии “Самоҳ” боздид карда, бо нарху навои бозор шинос гардид. Ҳангоми боздид, раиси шаҳр барои пешгирӣ аз болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки дар арафаи иду …

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ФАЪОЛИЯТИ БОЗОРҲО Read More »

ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ҲИСОР

Имрӯз, 24 май, дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор маросими оғози даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Ин озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар доир карда мешавад.Муовини раиси шаҳри Ҳисор Зиёвиддинзода Гулноза озмунро оғози расмӣ бахшида, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи …

ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ҲИСОР Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 23 майи соли 2026 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намоиши дастовардҳои варзишгарони шаҳр ва чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, баргузории ҳамоиши Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар остонаи ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол, …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 21 майи соли равон муовинони соҳавии раиси шаҳри Ҳисор таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, аз рафти корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Аз ҷумла, бо мақсади шиносоӣ бо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ дар деҳаи Даҳбед аз …

САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

САРФАРОЗИИ МИЛЛӢ ВА ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

19 майи соли равон сокинони Тоҷикистон шоҳиди як рӯйдоди бузургу бесобиқа ва дорои аҳамияти баланди таърихиву маънавӣ гардиданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии истиқболи мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи намоёни сиёсию фарҳангӣ, аввалин вазири маориф ва …

САРФАРОЗИИ МИЛЛӢ ВА ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН Read More »

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз, 17 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳр чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинии оммавии Дави миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон …

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

РӮЗИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МИҲД ШАҲРИ ҲИСОР

16 майи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор рӯзи қабули шаҳрвандон доир гардид. Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ 16 нафар шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфт. Муроҷиати бештари шаҳрвандон ба масъалаи дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ вобаста буда, ҳамчунин …

РӮЗИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МИҲД ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МЕҲМОНОНИ КОНФРОНСИ 35-УМИ СОЗМОНИ ОЗУҚА ВА КИШОВАРЗИИ СММ ДАР ҲИСОР

Субҳи имрӯз, 15 май муовини директори Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид хонум Бет Бекдол ва иштирокчиёни Конфронси 35-уми Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро, ки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром Раҷаб роҳбаладӣ мекард, дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри …

МЕҲМОНОНИ КОНФРОНСИ 35-УМИ СОЗМОНИ ОЗУҚА ВА КИШОВАРЗИИ СММ ДАР ҲИСОР Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

14 майи соли 2026 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид. Ба ин муносибат дар долони ошёнаи якуми Кохи фарҳанг оилаҳои пешқадами шаҳр намоиши дастовардҳои хешро баргузор ва ба марази тамошо гузоштанд. Раиси …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

БОЗДИДИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ШАҲРИ ҲИСОР

13 майи соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон …

БОЗДИДИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »