Субҳи имрӯз, 15 июн раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба минтақаи роҳи Ҳисор- Шарора воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора ташриф оварда, дар маросими оғози навбати дуюми мумфаршкунии роҳи мазкур иштирок намуд.
Дар оғози мумфаршкунӣ, ки бо иштироки муовинон, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, соҳибкорон ва роҳсозон баргузор гардид раиси шаҳр суханронӣ карда, аз оғози боз як иқдоми ободонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расонид.
Ҳамчунин, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, иқдоми мазкурро туҳфаи арзишманд ба муносибати ҷашн арзёбӣ намуд.
Собиқадорони меҳнат аз иқдоми шаҳрдор бо хушнудӣ истиқбол карда, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба шаҳрдор арзи сипос намуданд.
Сипас, роҳбарияти шаҳр ва собиқадорону соҳибкорон ҳиссаҳои аввалини мумро ба роҳ пошида ба мумфаршкунии роҳи мазкур оғози расмӣ бахшиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки роҳи мазкур барои равуои бемамонияти нақлиёти автомобилӣ, бахусус нақлиёти боркаш ба пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя мусоидат карда, танбашавии нақлиётро дар маркази шаҳр то андозае пешгирӣ менамояд.


