15 июн, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор аз Маркази саломатии шаҳрӣ боздид намуда, бо шароити хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти кормандони соҳа ва раванди қабули беморон аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид роҳбари шаҳр аз шуъбаҳои хизматрасонии тиббӣ ва шароити фароҳамовардашуда дар утоқҳои муоинаву ташхис, инчунин, дорухонаҳо дидан намуда, бо табибон ва кормандони муассиса суҳбати озод анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муносибат ва муоширати хуб бо ниёзмандон ва истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат буда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот роҳбарияти муассисаро ба масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи касбият ва таъмини муассиса бо лавозимоту таҷҳизоти зарурии замонавӣ ҳидоят намуд.


