13 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишӣ ва Академияи футболи “Ювентус” иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад.
Дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, тамоми иншоот дар асоси талабот ва дархости фармоишгар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дороб 1” бо усули махсус аз ҷониби мутахассисони ширкати маҳаллии “Оро Дизайн” бо назардошти санъати меъмории мардуми ориёӣ, ки дар он гил ва хишт масолеҳи асосии бинокорӣ ба ҳисоб мерафт, таҳия ва бунёд карда шудааст.
Маҷмааи варзишию фароғатӣ, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар маҷмаа ҳамзамон толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳаммом, сартарошхона, ҷойи шустушӯи либос, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд буда, дар як вақт дар ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмаа барои таъмини бехатарии мизоҷон технологияи муосир, аз қабили камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои воридшавӣ бо шинохти чеҳра (Face ID) васлу насб гардида, системаи муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бино низ мавриди амал қарор дорад.
Зимни боздид аз толори муҳташами варзишӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо завқмандони варзиш, сарфи назар аз синну сол метавонанд ба обу тоби бадан, вазнбардорӣ, намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гуштини ҷудо, ҷиу-ҷитсуи бразилӣ, бокс, кикбоксинг, йога ва дучархаронӣ (сайклинг) машғул шаванд. Машғулияти варзишии гурӯҳӣ барои занон ва кӯдакон низ мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва ҷорӣ намудани усулҳои нави машқу тамрин, ба толори варзишии мазкур бо тавсияи федератсияҳои варзишии масъул аз хориҷи кишвар мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мураббиён ва мутахассисони ватанӣ ҳамаҷониба омода карда мешаванд.
Толори варзишӣ бо охирин насли таҷҳизоти баландсифати “ТECHNOGYM” Премиум муҷаҳҳаз карда шуда, беҳтарин фазои машқу тамрин барои мизоҷон фароҳам аст. Иншооти мазкур инчунин аз толори тамрини обу тоби бадан ва вазнбардорӣ (фитнес), минтақаи тамрин барои тобоварии ҷисмонии бадан (кросфит), ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, толори занона ва минтақаи кӯдакона иборат мебошад.
Толори занона дорои ҳуҷраҳои машқи бадан, дучархаронӣ (сайклинг) ва саунаи хушку тар буда, дар он тамрини инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо таҷҳизоти махсус гузаронида мешавад.
Минтақаи кӯдакона бо назардошти бехатарии саломатӣ пурра бо гилеми варзишии мулоим рӯйпӯш карда шуда, дар он кӯдакон ба намудҳои гуногуни варзиши худмуҳофизатӣ машғул мегарданд.
70 фоизи барномаҳои толори варзишӣ ба машқи бадан ва вазнпартоӣ равона гардидааст.
Маврид ба таъкид аст, ки чунин шабакаи толорҳои варзишии амрикоӣ соли 2009 таъсис ёфта, бо суръат рушд мекунад ва айни замон дар 32 кишвари дунё, зиёда аз 150 толори расмии худро дорад.
Толори варзишӣ – лоиҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ буда, ширкати “Дороб 1” соли 2019 ҳуқуқи истифодабарӣ ва фуруши бренди мазкурро дар Осиёи Марказӣ ба даст овардааст. Ҳамин тавр, ширкат азм дорад, ки ташкил ва фурӯши ҳамин франшизаро дар Қазоқистон ва Узбекистон ба роҳ монад. Ҳамзамон, то соли 2030 ифтитоҳи боз 30 толори варзишӣ дар давлатҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи талаботи ширкат ҳар як мураббие, ки дар маҷмааҳои варзишии ин ширкат кору фаъолият менамоянд, дар асоси шартнома бояд курсҳои омӯзиширо хатм намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳам гардида дар Академияи Ювентус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос гардида, ба иқдоми муассис баҳои баланд доданд.
Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи “Ювентус” дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар дохили майдон монитори калон бо баландии 14 метр ва дарозии 7 метр насб гардида, дар он рафти тамринҳо ба таври мустақим пахш мегарданд.
Системаи равшанидиҳӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳарорати майдон ба стандартҳои сохтмонии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҷавобгӯ мебошад. Ин нахустин тарҳе мебошад, ки васеъгияш 40 метр буда, бидуни сутун сохта шудааст. Майдони футбол аз сабзаи сунъии насли сеюм омода гардида, он аз ширкати байналмилалии “CC Grass”, ки дорои сертификати сифати Федератсияи байналмилалии футбол аст, харидорӣ шуда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани сабзаи майдони футбол, техникаи зарурӣ харидорӣ шуда, ҳар рӯз пас аз тамринҳо майдон дубора барқарор карда мешавад.
Дар ин ҷо имконияти ба ду, се ва чор қисм ҷудо кардани майдон фароҳам буда, дар як вақт 4 гурӯҳ таълимгирандагон зери назорати мураббиёни пуртаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд. Дар майдони футболи академия имконияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни бозингарони то 16 сола низ вуҷуд дорад.
Вақти таълим ва тамрини кӯдакону наврасони аз синни 5 то 16 сола оид ба футбол, тибқи методологияи “Ювентус” таваҷҷӯҳ ба қобилияти тактикиву техникӣ, усули бозӣ, паҳлуҳои варзишӣ, равонӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи бозингарон равона мешавад. Тибқи қарори роҳбарияти лоиҳа дар ҳар як гурӯҳ ду ҷой барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷудо шудаанд, ки бо тавсияи мураббиён ва гузаштан аз санҷиш ба тамринҳо ҷалб мешаванд.
Усули академияи “Ювентус” ҳам таълим ва ҳам рушди малакаҳои футбол ва омӯзишиву тарбиявиро дар бар мегирад. Аз ҷанбаи фароғатӣ ва эҷодии бозии футбол сар карда, бозигарон ба фаъолиятҳое ҷалб карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо дар муҳити бехатар нигаронида шудаанд.
Инчунин ғайр аз тамрин дар майдон барои таълимгирандагони академия дарсҳои назариявӣ оид ба тактика ва дигар паҳлуҳои футбол дар синфхонаҳои махсус ба роҳ монда мешаванд. Бо тавсияи мураббиён ҷиҳати таҳлили машғулият дар дарсҳои назариявӣ тамоми тамринҳои кӯдакону наврасон бо камераҳои мушоҳидавӣ сабт мегардад.
Дар академия ба рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, онҳо дар толори махсус ба машқҳои ҷисмонӣ ва обу тоби бадан ҳам ҷалб карда мешаванд.
Тибқи маълумот ҳамасола дар шаҳри Турини Италия ҷоми ҷаҳон байни академияҳо ташкил мегардад, ки беҳтарин таълимгирандагони Академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе интихоб гардида, метавонанд дар ин мусобиқа иштирок намуда, маҳорати худро нишон диҳанд. Зимни баргузории ҷоми ҷаҳон миёни дигар академияҳо намояндагони клуби футболи “Ювентус” кӯдакону наврасонро назорат карда, дар ҳолати мақул донистан, баъдан онҳоро ба санҷиш ҷиҳати идома додани фаъолияти бозингарӣ дар Аврупо метавонанд даъват кунанд.
Таъкид гардид, ки Академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе ба ҷуз майдони футбол боз аз синфхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳамом, саунаи хушк, толори обу тоби бадан, маҷлисгоҳ ва ҷойи назорати волидайн иборат мебошад.
Ҳамзамон вобаста ба шарту шароите, ки академия дорад, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ дар қисмати бегоҳии рӯз метавонанд, тибқи шартнома майдони футболро ба иҷора гиранд.
Ҳадафи академия он аст, ки аз ҳисоби насли наврас футболбозони моҳирро тарбия намуда, дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам рушд бахшидани футбол дар мамлакат саҳмгузор бошад.
Мавриди таъкид аст, ки Клуби футболи касбии “Ювентус” яке аз қадимтарин ва маъруфтарин бошгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар Аврупо 15 миллион мухлис дорад.
“Ювентус” серҷоизатарин клуби Италия буда, дар мусобиқаҳои аврупоӣ ҳам ҷоизаҳои зиёдро ба даст овардааст.
Бошгоҳи “Ювентус” академияи кӯдаконаи футболи худро дошта, он бо барномаҳои махсуси тамринии худ аз дигар академияҳои футбол фарқ мекунад. Маҳз, бо тарҳрезии барномаҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони итолёвӣ академияи “Ювентус” дар зиёда аз 50 кишвари дунё 65 намояндагии худро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо футболбозони навраси пойтахт изҳор доштанд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд.
Дар ошёнаи сеюми бинои Маҷмааи варзишию фароғатӣ 30 ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва роҳбарияти ширкати холдингии “Дороб 1” ҷойгир карда шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Ширкат аз соли 2014 дар самти бунёд ва пешбурди толорҳои варзишӣ кор карда, дар ояндаи наздик ташкили боз 150 ҷои кориро ба нақша гирифтааст.
Ширкати холдингии “Дороб 1” дорои аввалин ва ягона шабакаи толорҳои варзишӣ буда, ҳадафи он пешбурди тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад.
Ҳамзамон Ширкати “Дороб 1” дорандаи франшизаи толорҳои варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон буда, қароргоҳи он дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Дар ширкат ба касбият ва рушди ҳамаҷонибаи мураббиён аҳамияти аввалиндараҷа равона мегардад. Маҳз, ҳамин аст, ки ҳар як мураббӣ қабл аз ба кор қабул шудан якчанд марҳилаи омӯзиш ва курсҳои махсусро гузашта, баъдан ба фаъолият мепардозад.
Ширкат на танҳо дорои толорҳои варзишӣ, балки дар самти хӯрокҳои варзишӣ ва барқароршавии варзишгарон низ фаъолияти назаррас дорад.
Ширкати холдингии “Дороб 1” дар оянда ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, бо бунёди маҷмааҳои варзишии ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, барои тандрустии аҳли ҷомеа шароити бозҳам беҳтарро фароҳам хоҳад овард.
Дар саҳни бинои Маҷмааи варзишию фароғатӣ таваққуфгоҳ барои 65 воситаи нақлиёт бунёд гардида, атрофи иншоот чароғон ва бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам карда шудааст.